Таҳияи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ бо 6 ҳазор ном

Вазорати адлияи Тоҷикистон феҳристи номҳо барои тифлони навзод иборат аз 6 ҳазор номро таҳия намудааст. Муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Ҳаким Мирсайзод дар ин робита ба рӯзноманигорон гуфт, вақте волидон барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба мақомоти САҲШ меоянд, ин рӯйхат ба онҳо пешниҳод шуда, падару модар барои тифли худ бояд аз ин феҳрист ном интихоб кунанд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати адлияи Тоҷикистон феҳристи номҳо барои тифлони навзод иборат аз 6 ҳазор номро таҳия намудааст.

Муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Ҳаким Мирсайзод дар ин робита ба рӯзноманигорон гуфт, вақте волидон барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба мақомоти САҲШ меоянд, ин рӯйхат ба онҳо пешниҳод шуда, падару модар барои тифли худ бояд аз ин феҳрист ном интихоб кунанд.

Зимнан зикр гардид, ки агар волидон ба гузоштани ном ба тифли худ аз феҳрист розӣ набошанд, номи хостаи худро бояд ба комиссияи махсус пешниҳод созанд ва ин комиссия бо салоҳдиди худ масъаларо ҳал мекунад.

Барои шаҳрвандони миллати дигари муқими Тоҷикистон ба интихоби ҳама гуна ному насаб ба фарзандони худ ҳуқуқ дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки қаблан ҳукуматдорон зикр карда буданд, ки дар феҳрист се ҳазор ном пешниҳод хоҳад гардид, вале шумори он имрӯз то ба 6 ҳазор расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.