Маҷлиси ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нав

Имрӯз дар бинои нави ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст маърӯзаи Президенти Тоҷикистон кишвар “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017” шунида шуд. Тавре таъкид гардид, […]

Asia-Plus

Имрӯз дар бинои нави ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст маърӯзаи Президенти Тоҷикистон кишвар “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017” шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, дар шаш моҳи соли 2017 сарфи назар аз таъсири манфии идомаёбандаи вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24023,0 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 106,0 фоиз баробар гардид ва ҳаҷми умумии даромади буҷет дар сатҳи 99,5 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 9292,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Президенти иброз намуд, ки имконоту захираҳои мавҷуда дар самти амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба таври пурра ва самаранок истифода нагардидаанд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2017”, хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” ва лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи таҳсилоти калонсолон” пешниҳод карда шуд ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол гардид.

Роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҳамзамон вазифадор карда шуданд, ки аз ҳозир ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода омодагии ҷиддӣ дида, тамоми иқтидору имконоти мавҷударо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо сафарбар намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои таъмини иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва кишти такрорӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, тақвияти тадбирҳои омодагӣ аз пешгирии хавфу хатарҳои офатҳои табиии марбут ба вазъи боду ҳаво ва тақвияти тадбирҳои зидди сӯхтор дастуру супоришҳои мушаххас дод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.