Адои ҷазои 80 нафари ба ҳабси абад маҳкумшуда дар зиндонҳои Тоҷикистон

Айни замон дар муассисаҳои махсуси ислоҳии Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешаванд. Муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Ҳаким Мирсайзод зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки 80 нафари онҳо маҳбусоне мебошанд, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, миёни маҳбусоне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, аз ҷумла собиқ фармондеҳи Гвардияи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Айни замон дар муассисаҳои махсуси ислоҳии Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешаванд.

Муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Ҳаким Мирсайзод зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки 80 нафари онҳо маҳбусоне мебошанд, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, миёни маҳбусоне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, аз ҷумла собиқ фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев, муовинони раиси Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайит ҳузур доранд.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли 2004 дар Тоҷикистон ба адои ҷазои ҳукми қатл моратория эълон шуда, онро ба ҳукми ҳабси якумрӣ иваз карданд.

Таъкид шуд, ки миёни маҳкумшудагон 1548 нафар барои ақида ва даъватҳои ифротгароӣ ва 239 нафар барои узвият дар аҳзобу ҳаракатҳои фаъолияташон дар қаламрави ҷумҳурӣ манъшуда адои ҷазо мекунанд. «Дар муассисаҳои ислоҳии тарбиявӣ 39 нафар ноболиғон нигаҳдорӣ мешаванд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар муассисаҳои махсуси ислоҳии кишвар 27 нафар аз олам даргузаштаанд, ки марги ҳамаи онҳо табиӣ сурат гирифтааст.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 19 муассисаи ислоҳӣ фаъолият дорад, ки 5-тои он боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО), 8-тоаш муассисаи ислоҳии низоми гуногун, 1-тоаш муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон, 1-тоаш зиндон ва 3-тоаш муассисаи ислоҳии сукунат мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.