Иҷозаи хариди хона дар Тошканд ба шаҳрвандони хориҷӣ

Ҳукумати Ӯзбекистон ба сокинони вилоятҳо, шаҳрвандони хориҷию афроди бешаҳрвандӣ расман иҷозат дод, ки дар пойтахти ин кишвар хона харанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи қарори мазкур, сокинони вилоятҳои Ӯзбекистон, ки дар сохтмонҳои нави шаҳри Тошканд бо 2500 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал хона мехаранд, ҳаққи будубоши расмиро дар пойтахти ин кишвар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳукумати Ӯзбекистон ба сокинони вилоятҳо, шаҳрвандони хориҷию афроди бешаҳрвандӣ расман иҷозат дод, ки дар пойтахти ин кишвар хона харанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи қарори мазкур, сокинони вилоятҳои Ӯзбекистон, ки дар сохтмонҳои нави шаҳри Тошканд бо 2500 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал хона мехаранд, ҳаққи будубоши расмиро дар пойтахти ин кишвар пайдо хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандие, ки иҷозатномаи будубош дар Тошканд ё вилояти Тошкандро доранд, метавонанд ба маблағи на камтар аз 150 ҳазор доллари ИМА дар сохтмонҳои нави пойтахти Ӯзбекистон хона харанд.

Зимнан зикр мегардад, ки тамоми масъалаҳои молии марбут ба қарордоди хариду фурӯши манзил бояд ба воситаи бонк сурат гирад. Ба сохтмонҳои нав бино ва иншооте шомил мешаванд, ки аз замони баҳрабардорияшон на бештар аз се сол сипарӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.