Агар мабодо шуморо фиреб кунанд, ба «Тоҷикстандарт» муроҷиат намоед

Акнун бо арзу шикоят муроҷиат кардан ба Агентии «Тоҷикстандарт» доир ба пешниҳоди маҳсулоти пастсифату муҳлати истифодаашон гузашта осонтар шуд. Арзу шикояти худро метавон дар шакли электронӣ тариқи замимаи «Стандарт» ирсол намуда, ҳузури шахсӣ зарур нест. Тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари ТҶ «Пешсаф» Руслан Шукуров хабар дод, замимаи «Стандарт» барои платформаҳои Андроид ва IOS таҳия шуда, онро […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Акнун бо арзу шикоят муроҷиат кардан ба Агентии «Тоҷикстандарт» доир ба пешниҳоди маҳсулоти пастсифату муҳлати истифодаашон гузашта осонтар шуд. Арзу шикояти худро метавон дар шакли электронӣ тариқи замимаи «Стандарт» ирсол намуда, ҳузури шахсӣ зарур нест.

Тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари ТҶ «Пешсаф» Руслан Шукуров хабар дод, замимаи «Стандарт» барои платформаҳои Андроид ва IOS таҳия шуда, онро метавон дар Play Market ё дар AppStore нусхабардорӣ кард.

Ҳамин тариқ, тавассути замимаи «Стандарт» ирсоли муроҷиат ба «Тоҷикстандарт» имкон дошта, дар бахши «Муроҷиатҳои ман» метавон аз ҷараёни баррасии муроҷиат худ огаҳӣ пайдо намуд.

«Дар ҳамдастӣ бо «Тоҷикстандарт» ба мо таҳияи механизми барои аҳолӣ муҳими муроҷиати шаҳрвандон муяссар гардида, айни замон мо аллакай мисолҳое дорем, ки тавассути ин замима ҳуқуқҳои поймолшудаи шаҳрвандон барқарор карда шуданд», – қайд кард Руслан Шукуров.

Саҳифаи асосии замимаи нусхабардоришуда чунин аст:

Гуфта мешавад, барои хизматгузорӣ ба ин барнома «Тоҷикстандарт» як корманди алоҳида ҷудо карда, ӯ ба қабул ва ирсоли муроҷиатҳо ба сохторҳои дахлдори агентӣ масъул аст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки барои қабули муроҷиатҳои электронии шаҳрвандон сатҳи зарурии омодагии техникӣ ва касбӣ таъмин гардида, ҷиҳати баррасии онҳо дар фурсатҳои кӯтоҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Муроҷиат ё арзу шикоятро ҳамзамон метавон тариқи сомонаи «Тоҷикстандарт» – www.standard.tj низ ирсол кард.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.