Президенти мамлакат ба Балҷувон раҳсипор шуд

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуотисарвари давлат, дар маркази ноҳияи Балҷувон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотисарвари давлат, дар маркази ноҳияи Балҷувон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ду бинои истиқоматии замонавӣ, ки асосан барои хизматчиёни давлатӣ ва маъюбону шахсони ниёзманди ноҳия пешбинӣ шудааст, иштирок намуд.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Президенти мамлакат бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, тибқи талаботи меъмории замони муосир бунёд ёфтааст.

Дар ҷараёни сафари кории мазкур Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» санги асос гузошта, бо лоиҳаи он шинос гардид. Дарозии роҳ 43 километр буда, сохтмони он дар километри 22-юми роҳи автомобилгарди лоиҳавии «Восеъ – Ховалинг» оғоз меёбад. Барои бунёди роҳи мазкур 11,8 миллион доллали амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо тарҳи роҳи мазкур дар маркази ноҳияи Балҷувон Сарвари давлат бо фаъолони вилоят ва сокинони ноҳияи Балҷувон мулоқот намуда, зимни суханронӣ назди онҳо ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳимро дар маркази ноҳия дар арафаи истиқбол аз солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон туҳфаи арзанда арзёбӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.