Ояндаи наздик дар Сари Хосор 7 меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешавад

Дар доираи сафари худ ба ноҳияи Балҷувон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои хоҷагии халқи ҷамоати деҳоти Сари Хосор шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар намоишгоҳ сокинони ҷамоати деҳоти Сари Хосор дастранҷи хеш, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табии шифобахш ва ҳунарҳои дастиро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари худ ба ноҳияи Балҷувон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои хоҷагии халқи ҷамоати деҳоти Сари Хосор шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар намоишгоҳ сокинони ҷамоати деҳоти Сари Хосор дастранҷи хеш, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табии шифобахш ва ҳунарҳои дастиро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст омадаанд ба маъраз гузоштанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ояндаи наздик ба хотири рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор 7 адад меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карда шуда, барои фароҳам оварданни шароити хуби хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум 8 иншооти дигари таиноташон гуногун сохта мешавад.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо лоиҳаҳои иншооти сохташаванда ва оғози сохтмони роҳи мошингарди “Балҷувон-Сари Хосор” шинос шуд.

Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии рақами 2-и ҷамоати деҳоти Сари Хосор иштирок кард. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2016 оғоз гардидааст ва дар ин муддат шуъбаи таваллудхона бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шудааст.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо сокинони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Сарвари давлат изҳор намуд, ки бо мақсади  ҳифзу нигоҳдории чунин табиати нотакрор ва обод кардану ба яке аз минтақаҳои сайёҳии кишвар табдил додани ин мавзеъ моҳи октябри соли 2003 бо қарори Ҳукумати мамлакат Боғи табиии Сари Хосор таъсис дода шуд.

Ҳамчунин, бо дарназардошти табиати нодиру нотакрор ва обу ҳавои тозаву шифобахши ин мавзеъи таърихӣ Ҳукумати кишвар 3 –юми марти соли 2011 дар бораи бунёд намудани муассисаи давлатии Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар Сари Хосор қарор қабул кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.