Гаронии нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба сӯзишворӣ вобаста аст

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар шарҳи болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ гуфт, нисбати ин масъала таҳлилҳо мегузаронанд. «Ба қадри имкон таҳлили ҳамин бозорро гузаронида, пешниҳодҳои худро ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳо пешниҳодҳод мекунем», – иброз доштааст ӯ. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 26 январи […]

Хабаргузории «Озодагон»

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар шарҳи болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ гуфт, нисбати ин масъала таҳлилҳо мегузаронанд.

«Ба қадри имкон таҳлили ҳамин бозорро гузаронида, пешниҳодҳои худро ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳо пешниҳодҳод мекунем», – иброз доштааст ӯ.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли равон дар нишасти хабарии пешинааш гуфта буд, қаблан дар ин робита дастури ҳукумат содир шуда, он дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Саъдӣ Қодирзода он замон гуфта буд, мутахассисон ба омӯзиши ҳаққи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ машғуланд: “Дар пайи ниҳоӣ шудани омӯзиш иттилои бештар хоҳем дод”.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ далели гарон будани нархи чипта дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳоро ба гаронии сӯзишворӣ ва қимат будани ҳаққи фурудгоҳ рабт медиҳанд.

Тобистони соли гузашта Шералӣ Ганҷалзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ҳукумати кишвар барои муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дастур додаст. Ба гуфтаи Ганҷалзода барои ҳалли ин масъала комиссияи байниидоравӣ ташкил шуда, онро омӯхта истодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.