Гуруснанишинии Ғаффор Мирзоев алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш

Радиои Озодӣ

Ғаффор Мирзоев – яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз рӯи 28 банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва куштор ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, ба нишони эътироз алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш, даст ба гуруснанишинӣ задааст.

Оиша Мирзоева, хоҳари калонии Ғаффор Мирзоев, 27-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки рӯзи чоршанбе, соати 13:00 аз дохили маҳбас занг зада гуфтанд, ки Ғаффор даст ба гуруснанишинӣ зада, ӯро ба утоқи танҳоӣ бурдаанд ва феълан дар ҳамон ҷо нигаҳдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи Оиша Мирзоева, бародараш гӯё 22-юми июл даст ба гуруснанишинӣ задааст. Мирзоева нагуфт, ки ин хабар аз кадом доираҳо ба дасти ӯ расид.

“Дирӯз вақте ин хабарро ба ман расониданд, фишорам баланд шуд ва субҳи имрӯз аз Кӯлоб ба Душанбе омадам. То ҳол аз аҳволаш хабар надорам ва аз дохил мегӯянд, ки азбаски ӯро ба утоқи алоҳида бурдаанд, ба ғайри масъулони маҳбас ҳеҷ кас аз ӯ дарак надорад”- гуфт Оиша Мирзоева.

Масъулони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, рӯзи 27-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Оиша Мирзоева мегӯяд, ки "Ғаффор ба унвони Дастгоҳи президент ва ба номи раиси дастгоҳ Озода Раҳмон нома навишта, гуфта буд, ки агар посухе дарёфт накунад, даст ба гуруснанишинӣ мезанад."

Ба гуфтаи Оиша Мирзоева, бародараш ба ин бовар аст, ки номаҳояш ба раиси ҷумҳур ва Дастгоҳи раёсати ҷумҳур намерасанд, вагарна бархӯрд ба ӯ бояд дигар мешуд. Оиша Мирзоева гуфт, ки бародараш ҳамчунон ба давлати Тоҷикистон эътиқод дорад ва танҳо мехоҳад, ки тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар парвандааш, бозбинӣ шавад.

Дар гузашта муроҷиатҳои Мирзоев барои бозбинии парвандаи ӯ беҷавоб монд. Ҳамчунин, ба гуфтаи Оиша Мирзоева, бародараш дар ин муддат талош кард, бархе хотироти худро аз ҳаводиси солҳои 1990-ум рӯи коғаз биёрад, вале навиштаҳояш аз ҷониби маъмурони зиндон мусодира шудаанд. Ӯ гуфт, дар ҳар дидорбинӣ, ки дар ним сол як дафъа сурат мегирад, ӯ бародарашро афсурдаву пиртар дармеёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...