Танқиди сиёсати Ислом Каримов бори нахуст дар телевизион

Date:

Телевизиони давлатии Ӯзбекистон 30 июл дар як барномаи худ аз сиёсатҳои президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов бори нахуст интиқод кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар барномаи "Таҳлилнома"-и телевизиони Ӯзбекистон гуфта шуд, ки Каримов "бо кишварҳои ҳамсоя мусобиқаи "кӣ зӯртар"-ро ба роҳ монда, аз мантиқи "ту зӯр ҳастӣ ё ман" истифода мекард.

"Гиреҳи ин муаммоҳо бо ҳамсояҳоро имрӯз президент Шавкат Мирзиёев боз мекунад",- қайд шуд дар барнома.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар барнома тамоми бахшҳо, аз иқтисод то масъалаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва кишоварзию маънавӣ баррасӣ гашта, аз иштибоҳҳое, ки дар давраи Каримов роҳ дода шуданд, интиқод шуд.

"Дар аввалин лаҳзаҳои сари қудрат омадани худ ба ҷои мусобиқа бо ҳамсояҳо робитаҳои самимиро ба роҳ монд, ки ба муносибатҳои боэътимоди кишварҳои Осиёи Миёна бо Ӯзбекистон сабаб гашт. Аз даъвоҳое чун "ту зӯр ҳастӣ ё ман" сарфи назар кард ва ба раванди ҳалли мушкилиҳое, ки солҳо инҷониб бартараф намешуданд, аз ҷумла масоили марзӣ, беҳбуд бахшид", – гуфт шореҳ.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ин бори нахуст аст, ки аз сиёсатҳои Ислом Каримов дар Ӯзбекистон интиқод мешавад. То кунун на дар давраи ҳукмронии Каримов ва на пас аз маргаш боре дар Ӯзбекистон сиёсатҳои ӯро танқид накарда буданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...