Танқиди сиёсати Ислом Каримов бори нахуст дар телевизион

Телевизиони давлатии Ӯзбекистон 30 июл дар як барномаи худ аз сиёсатҳои президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов бори нахуст интиқод кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар барномаи "Таҳлилнома"-и телевизиони Ӯзбекистон гуфта шуд, ки Каримов "бо кишварҳои ҳамсоя мусобиқаи "кӣ зӯртар"-ро ба роҳ монда, аз мантиқи "ту зӯр ҳастӣ ё ман" истифода […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Телевизиони давлатии Ӯзбекистон 30 июл дар як барномаи худ аз сиёсатҳои президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов бори нахуст интиқод кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар барномаи "Таҳлилнома"-и телевизиони Ӯзбекистон гуфта шуд, ки Каримов "бо кишварҳои ҳамсоя мусобиқаи "кӣ зӯртар"-ро ба роҳ монда, аз мантиқи "ту зӯр ҳастӣ ё ман" истифода мекард.

"Гиреҳи ин муаммоҳо бо ҳамсояҳоро имрӯз президент Шавкат Мирзиёев боз мекунад",- қайд шуд дар барнома.

Дар барнома тамоми бахшҳо, аз иқтисод то масъалаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва кишоварзию маънавӣ баррасӣ гашта, аз иштибоҳҳое, ки дар давраи Каримов роҳ дода шуданд, интиқод шуд.

"Дар аввалин лаҳзаҳои сари қудрат омадани худ ба ҷои мусобиқа бо ҳамсояҳо робитаҳои самимиро ба роҳ монд, ки ба муносибатҳои боэътимоди кишварҳои Осиёи Миёна бо Ӯзбекистон сабаб гашт. Аз даъвоҳое чун "ту зӯр ҳастӣ ё ман" сарфи назар кард ва ба раванди ҳалли мушкилиҳое, ки солҳо инҷониб бартараф намешуданд, аз ҷумла масоили марзӣ, беҳбуд бахшид", – гуфт шореҳ.

Ин бори нахуст аст, ки аз сиёсатҳои Ислом Каримов дар Ӯзбекистон интиқод мешавад. То кунун на дар давраи ҳукмронии Каримов ва на пас аз маргаш боре дар Ӯзбекистон сиёсатҳои ӯро танқид накарда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.