Тоҷикистон ҳаҷми ММД-ро афзуданист. Аз кадом ҳисоб – алҳол маълум нест

Бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон соли оянда ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро дар муқоиса бо соли равон ба миқдори 13,6% ё худ 8 млрд. 38 млн. сомонӣ афзуданист. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, тибқи нақшаи таҳиягарони лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон соли оянда ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро дар муқоиса бо соли равон ба миқдори 13,6% ё худ 8 млрд. 38 млн. сомонӣ афзуданист.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, тибқи нақшаи таҳиягарони лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои давраи солҳои 2019-2020, ҳаҷми ММД-и кишвар аз рӯи натиҷаҳои соли оянда 66 млрд. 866 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.

Соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳудуди 58 млрд. 910 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли пешин (беш аз 53 млрд. 828 млн. сомонӣ) ба андозаи 9,4 фоиз бештар аст.

Мувофиқи нақшаи бахши иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2019 ҳаҷми ММД бояд – 73 млрд. 401 млн. сомонӣ ва соли 2020 – 82 млрд. 713 млн. сомониро ташкил диҳад.

Тибқи пешгӯии ин бахши ҳукумати кишвар, соли оянда мизони таваррум – 7 фоиз ва солҳои 2019-2020 – 6,8 фоизро ташкил хоҳад дод.

Қурби арзи миллӣ – сомонӣ нисбати доллар дар соли 2018 – 9 сомонӣ барои 1 доллар, соли 2019 – 9,4 сомонӣ ва соли 2020 – 10 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, назди бахши иқтисодӣ вазифа гузошта шудааст, ки то 20 сентябр лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ” ва дурнамои нишондиҳандаҳо барои солҳои 2019-2020-ро ба ҳукумат пешниҳод намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.