Сабукдӯшии мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафед баъди ҳамагӣ 10 рӯзи кор

Президенти ИМА Доналд Трамп Энтони Скарамуччӣ, мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафедро аз мақомаш барканор кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба изҳороти расмии Кохи сафед, Скарамуччӣ аз мудирии бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафед канор меравад. Гуфта мешавад, пештар нашрияи New York Times бо истинод ба се манбаи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп Энтони Скарамуччӣ, мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафедро аз мақомаш барканор кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба изҳороти расмии Кохи сафед, Скарамуччӣ аз мудирии бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафед канор меравад.

Гуфта мешавад, пештар нашрияи New York Times бо истинод ба се манбаи худ аз истеъфои Скарамуччӣ хабар дода буд. Скарамуччӣ чанд соат баъд аз маросими савгандёдкунии Ҷон Келлӣ ба ҳайси раҳбари нави дастгоҳи Кохи сафед истеъфо додааст.

Нашрияи "Политик" иттилоъ дод, ки Скарамуччӣ бо дархости Келлӣ аз мақомаш барканор шуд. Ӯ ҳамагӣ 10 рӯз дар мақоми мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафед кор кард.

Пештар, ҳафтаи гузашта, Скарамуччӣ баробари таъйин шуданаш ба ин мақом як қатор мақомҳои баландпояи Кохи сафед, аз ҷумла раиси пешини дастгоҳи президент Рейнс Прибусро интиқод кард. Прибус баъдан истеъфо дода, ба ҷояш Келлӣ таъйин шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.