Намояндаи доимии Тоҷикистон бори нахуст ба мақоми масъули СММ интихоб шуд

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба мақоми Ноиби Президенти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) барои иҷлоси соли 2018 интихоб гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, номзадии Маҳмадамин Маҳмадаминов аз ҷониби Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки аз 55 кишвари узв иборат мебошад, пешбарӣ карда шуд. Таъкид мешавад, ки дар даврони […]

Asia-Plus

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба мақоми Ноиби Президенти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) барои иҷлоси соли 2018 интихоб гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, номзадии Маҳмадамин Маҳмадаминов аз ҷониби Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки аз 55 кишвари узв иборат мебошад, пешбарӣ карда шуд.

Таъкид мешавад, ки дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон ва 25 соли узвияти кишвари маҳбуб дар СММ, барои нахустин маротиба намояндаи Тоҷикистон ба чунин мақоми масъулиятнок дар ниҳодҳои асосии СММ интихоб мегардад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин Намояндаи доимии Ҷумҳурии Чех (гурӯҳи кишварҳои Аврупои Шарқӣ) ба ҳайси Раис ва намояндагони доимии Белгия (гурӯҳи кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва дигарон) ва Сент-Винсент ва Гренадин (гурӯҳи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб), ба симати муовинони раиси ECOSOC барои иҷлоси соли 2018 интихоб гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.