Дар бинои Додгоҳи вилояти Маскав чанде аз аъзои «бандаи ГТА» кушта шуданд

Akhbor.com

Дар тирпарронии байни ОМОН ва аъзои бандаи ГТА дар бинои додгоҳи вилояти Маскав як зодаи Қирғизистон Холиқ Субҳонов ва ду зодаи Тоҷикистон  Абдумуқим Мамадҷонов ва Мирзомавлон Мирзошарипов  кушта шуда, ду зодаи дигари Тоҷикистон  Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломов ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, ду нафар аз кушташудаҳо дар тирпарронии рӯзи 1 август дар бинои додгоҳи вилояти Маскав зодагони Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонов ва Мирзомавлон Шарипов ва ҷинояткори сеюми кушташуда бародари муассис ва раҳбари бандаи ГТА Холиқ Субҳонов будаанд. Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломов – ду ҷинояткори дигаре, ки дар задухӯрд бо ОМОН ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, низ зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Дар маҷмӯъ аз 9 узви боздоштшудаи бандаи ГТА, ки рӯзи 1 август ба додгоҳи вилояти Маскав эҳзор шуданд, 6 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Масъулони додгоҳ мегӯянд, мурофиаи парвандаи бандаи ГТА субҳ оғоз ёфта, то соати 13 давом кард. Дар мурофиа ҳамаи 9 айбдоршаванда – Холиқ Субҳонов(43-сола), Абдумуқим Мамадҷонов(36), Мирзомавлон Мирзошарипов(35), Умар Ҳасанов(31), Зафарҷон Ғуломов (27), Ҳазратхон Додохонов (34), Шерҷон Қодиров (31), Анвар Улуғмуродов(40) ва Фазлиддин Ҳасанов (31-сола) ширкат кардаанд. Баъди анҷоми мурофиа айбдоршавандаҳоро ҳамроҳи конвой аз толор бароварданд, ки ба боздоштгоҳ баргардонанд.

Дар лифт аввал 5 нафар  Холиқ Субҳонов, Абдумуқим Мамадҷонов, Мирзомавлон Мирзошарипов, Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломовро савор кардаанд. Онҳоро ҳамагӣ ду посбон, ки аз онҳо ҳам якеаш зани миёнасол буд, ҳамроҳӣ мекарданд.

Вақте ки лифт дар рости ошёнаи сеюм буд, яке аз айбдоршавандаҳо ба посбон ҳамла карда, ӯро буғӣ кард ва шариконаш худро халос карда, силоҳҳои посбонҳоро кашида гирифтанд. Ҷинояткорон сипас дар ошёнаи сеюм берун шуда, ҳарду посбонро ҳамчун гаравгон бо худ гирифтанд.

Вале иттифоқан дар он лаҳзаҳо сарбозони ОМОН-и шаҳри Сергиев Посади вилояти Маскав дар ҳамон ошёнаи сеюм қарор доштанд. Ҷинояткорон афсарони мусаллаҳро дида, ба сӯи онҳо оташ кушоданд. Афсарони пулис низ ҷавоб доданд ва байни онҳо тирпарронии шадид ба амал омад.

Дар натиҷаи ин тирпарронӣ як афсари ОМОН аз ноҳияи китфаш захм бардошта, аз ҷониби ҷинояткорон се нафар – Холиқ Субҳонов, Абдумуқим Мамадҷонов ва Мирзомавлон Мирзошарипов кушта шуда, Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломов ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин ҳамла бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Русия ( 317 – сӯиқасд ба ҷони корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 226 дуздии силоҳ ва 313  кӯшиши фирор аз ҳабс) парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Муҳокимаи парвандаи 9 узви бандаи ГТА дар додгоҳи вилояти Маскав аз 13 июли соли 2016 ба ин тараф идома дорад. Аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ, ки асосан шаҳрвандони Осиёи Марказӣ буда, моҳи ноябри соли 2014 боздошт шуданд, дар куштори ронандагону мусофирони мошинҳои боркаш дар роҳҳои вилояти Маскав ва Калуга, аз ҷумла, дар шоҳроҳи "Дон айбдор мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...