Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе сокини 33-солаи пойтахтро ҳангоми ба фурӯш гузоштани арақи худсохт дастгир карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, аз ӯ 10 қутти машруботҳои спиртии тамғаи «Шоҳона» навъи «Хлебная» ба миқдори 52 адад ва «Платинум» ба миқдори 62 адад, ҷамъ 114 адад мусодира шудааст.
Гуфта мешавад, ӯ ин машруботи спиртии худсохторо аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба маҳаллаи Воданасоси шаҳри Душанбе интиқол доданӣ будааст. Боздоштшуда арзиши як адад арақи тамғаи «Шоҳона Хлебная» – ро 14 сомонӣ ва арзиши як адад арақи тамғаи «Шохона Платинум» – ро 20 сомонӣ, ҷамъ 1 ҳазору 968 сомонӣ нархгузорӣ намудааст.
Тибқи мактуби ҶДММ «Шоҳона», арзиши 1 адад арақи тамғаи «Шоҳона Платинум» ғунҷоишаш 0,5 литр 25 сомонӣ ва 1 адад арақи тамғаи «Шоҳона Хлебная» ғунҷоишаш 0,5 литр 15 сомонӣ, ҷамъ 2 ҳазору 330 сомониро ташкил медиҳанд, ки ба таври худсоз бидуни технологияҳои истеҳсоли сохта шудаанд ва ба ҶДММ «Шоҳона» дахл надоранд.
Зикр мегардад, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванди боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.


