Президент бо фаъолияти кишоварзони Қубодиёну Шаҳритус шинос шуд

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон аз ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти "Тахти Сангин" шинос шуда, ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ ва саноатии ноҳияи мазкур дидан кард.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Қубодиён аз кишти ҳамаи навъҳои ғалладонагиҳо маҳсулоти дилхоҳ ба даст оварда, тибқи нишондод то 1 июли соли равон барзгарон аз майдони умумии 2 ҳазору 300 гектар зиёда аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладонагӣ рӯёнидаанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо вазъи пахтакорӣ дар Хоҷагии деҳқонии Маҳмадӣ Полвон-и деҳаи Ҳаваскор шинос гардиданд. Меҳнаткашони хоҷагии мазкур соли равон дар майдони 6 гектар кишти пахтаи навъи "Тоҷикистон"-ро бо усули ҷадиди зери плёнка ба роҳ мондаанд. Истифодаи чунин усул имкон дод, ки деҳқонони ин хоҷагӣ дар ноҳия аввалин шуда, ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қубодиён дар масоҳати 7 ҳазору 510 гектар пахта кишт шудааст. Тибқи мушоҳидаҳо нашъунамои пахта хуб буда, барзгарони ноҳия дар мавсими соли 2017 нақша доранд, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 25-30 сентнерӣ ҳосил рӯёнанд.

Гуфта мешавад, Сарвари давлат инчунин бо рафти кишти такрорӣ дар Хоҷагии деҳқонии "Мӯсобобо" -и деҳаи Ҳаваскор шинос гардиданд. Дар заминҳои ин хоҷагӣ, ки масоҳати 5 гектарро дарбар мегирад, кишти зироати барвақтӣ ба роҳ монда шудааст. Меҳнаткашони хоҷагии мазкур 80 дарсади корҳои вобаста ба кишти такрориро аллакай ба анҷом расондаанд. Онҳо кишти зироати гуногун, ба монанди картошка, помидор, карам, пиёз, шолӣ ва навъҳои дигари сабзавотро дар маъракаи кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия дар майдони 2764 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст, ки 92 дарсади иҷрои дурнаморо дар бар мегирад.

Зикр мегардад, ки дигар самти хоҷагидорие, ки дар ноҳияи Қубодиён рушд кардааст, чорводорӣ мебошад. Дар ноҳия баробари чорвои калони шохдор парвариши моли майда ҳам ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои ноҳия гӯсфандҳои зоти қароқулӣ ва ҳисорӣ васеъ парвариш карда мешаванд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Қубодиён саршумори моли майда 32 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта 816 сар зиёд мебошад. Саршумори чорвои калони шохдор дар миқёси ноҳия ба 1 ҳазору 769 сар расидааст. Иҷрои дурнамои солонаи соҳаи чорводорӣ дар ноҳия 120 дарсад таъмин шудааст.

Имрӯз ҳамчунин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси ташриф оварда, зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ба натиҷаи фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дод.

Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ амал менамоянд. Соли равон дар майдони 8 ҳазору 532 гектар бо истифода аз таҷрибаи пешрафта кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ мондаанд.

Соли равон кишоварзони ноҳияи Шаҳритус 7 ҳазору 819 тонна ғалладонагӣ, 23 ҳазору 372 тонна сабзавот, 2 ҳазору 490 тонна картошка, 18 ҳазору 929 тонна полезӣ, 2 ҳазору 765 тонна мева ва 1 ҳазору 366 тонна ангур ҷамъоварӣ намуда, бо истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам дар фаровонию арзонии маҳсулоти кишоварзӣ саҳм мегузоранд. Аз аввали соли равон то имрӯз аз ноҳияи Шаҳритус беш аз 4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полезӣ, пиёз ва мева ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 5 ҳазору 250 гектар пахта кишт намуданд, ки мутахассисони соҳа ҳосили интизориро аз ҳар гектар 40 сентнерӣ пешгӯӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.