Дар мақомоти давлатӣ 41 хизматчии дорои шаҳрвандии Русия кор мекардаанд

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки нимсолаи аввал дар ин ниҳод ба масъалаи душаҳрвандии кормандони сохторҳои давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Соли гузашта палатаи поёнии парлумон ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ», сипас ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» ва «Дар бораи милитсия» тағйироту […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки нимсолаи аввал дар ин ниҳод ба масъалаи душаҳрвандии кормандони сохторҳои давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Соли гузашта палатаи поёнии парлумон ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ», сипас ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» ва «Дар бораи милитсия» тағйироту иловаҳо ворид намуд, ки мутобиқи он, ба шахсони дорои шаҳрвандии ду кишвар кор дар хизмати давлатӣ ва мақомоти амнияту тартибот манъ шуд. Тоҷикистон танҳо бо Русия созишнома дар бораи душаҳрвандӣ дорад.

Тағйирот ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҳамчунин ба нафақахӯрон низ дахл кард. Акнун ба нафақахӯрон кор дар сохторҳои давлатӣ манъ шуда, вале агар нафақахӯр ба хизмати давлатӣ ба кор дарояд, пас ӯ бояд аз гирифтани нафақа даст кашад.

Ба иттилои Ҷумъа Давлатов, тайи солҳои охир дар мавриди масъалаи душаҳрвандӣ ду маротиба мониторинг гузаронида шуда, соли 2014 – 21 нафар ва соли 2016 – 20 нафар хизматчиёни давлатии дорои шаҳрвандии Русия ошкор карда шуданд.

«Нисбати онҳо ҳеҷ гуна фишоре сурат нагирифта, тибқи қонун онҳо ихтиёрӣ дар бораи аз кор рафтанашон ариза навиштанд ё барои идомаи кор дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон аз шаҳрвандии Русия даст кашиданд», – иброз дошт Давлатов.

Зимнан зикр гардид, ки сол то сол шумори ҷавонон ва занон дар сафҳои кормандони сохторҳои давлатӣ зиёд мешавад. Имрӯз 19 ҳазору 261 нафар дар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд, ки 8 ҳазору 770 нафар ё худ 45,5 фоизи онҳоро – кадрҳои синни то 35-сола, 4 ҳазору 340 нафар ё худ 22,5 фоизи онҳоро – занон ташкил медиҳанд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори кадрҳои ҷавон – 389 нафар ва занон – 124 нафар афзудааст.

Мутобиқи қонунгузорӣ ба низоми хизмати давлатии Тоҷикистон хадамоти давлатии шаҳрвандӣ, хадамоти давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти давлатии ҳарбӣ дохил мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.