Парвандаи қочоқи тангаи 2-тинаи шаҳрванди Русия зери назорати сафорат

Asia-Plus

Сафорати Русия дар Тоҷикистон вазъи марбут ба мурофиаи судӣ нисбати шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро бодиққат пайгирӣ мекунад. Ин зан ба қочоқи тангаи нодир гумонбар дониста мешавад. Ӯ ду моҳ пеш дар фурудгоҳи Душанбе зимни парвоз ба Маскав боздошт шуда, аз бағочи ӯ тангаи қадимаи замони Русияи подшоҳӣ дарёфт шуд. Нисбати зан парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

«Сафорати Русия дар Тоҷикистон ин вазъи марбут ба ҳабс ва мурофиаи судӣ нисбат ба шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро бодиққат пайгирӣ намуда, ба ӯ аз лиҳози ҳуқуқӣ ва маънавӣ кумак мекунад ва намояндаи сафорат дар ҳамаи ҷаласаҳои судӣ ҳузур хоҳад дошт», – овардааст гуфтаҳои сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро хабаргузории РИА Новости.

Мурофиаи судӣ нисбати Хужина 7 август оғоз гардид. Дар Тоҷикистон занро ба қочоқ гумонбар медонанд: тибқи маълумоти мақомоти тафтишот, ӯ барои кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон баровардани тангаи дутинаи мисини истеҳсоли соли 1823 боздошт шудааст. Пас аз ташхис муайян шудааст, ки танга дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ва осорхонавӣ мебошад.

Мурофиаи судии дуюм оид ба баррасии ин парванда рӯзи 10 август доир мегардад.

Татяна Хужина зодаи Тоҷикистон буда, чанд сол пеш ба вилояти Ярославли Русия, шаҳри Рибинск кӯч бастааст. Имсол замони рухсатӣ ӯ ҳамроҳи духтарчааш ба Тоҷикистон омада, ҳангоми бозгашт боздошт шуд.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин тангаро ӯ ҳангоми ҷобаҷогузории чизҳои кӯҳна ёфта, ҳамчун тилисм ба ҳамёнаш гузоштааст. Бо ин танга ӯ марзи Русия ва Тоҷикистонро убур карда, ба ҳеҷ мушкилие дучор нашудааст.

«Вақте ин тангаро пайдо кардам, онро ба ломбард бурдам ва дар он ҷо ба ман гуфтанд, ки арзиши он 100-200 рубл аст. Баъд онро ба ҳамён гузошта, дигар фаромӯш кардам. Бо ҳамин минвол қариб якуним сол сипарӣ шуд. Ман ба Душанбе парвоз кардам ва вақте ки ба Русия парвоз карданӣ шудам, зимни муоинаи бағоч як зани корманд маро пурсид: «Дар ҳамёнатон чӣ чизҳои майда-чуйда доред?». Ман посух додам, ки он ҷо пулҳои Русия ҳаст. Ӯ дархости дидан кард ва ман албатта, бе дудилагӣ розӣ шудам. Ва ин тангаро пайдо карданд. Дарҳол парвози ману духтарчаамро мнъ карда, тангаро ба ташхис гирифтанд ва баъди ин парвнадаро ба прокуратура доданд», – қаблан ҳикоят кардааст Татяна.

Охири моҳи июн Хадамоти гуруки Тоҷикистон хабар дод, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужинаи 41-сола барои кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон баровардани тангаи дутинаи мисини истеҳсоли соли 1823 боздошт шудааст.

Мо кӯшиш кардем, ки арзиши тангаҳои ба ин монандро дар сомона-музоядаҳо муайян кунем. Маълум шуд, ки арзиши он аз 200 рубли русӣ зиёдтар нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...