Толибон 235 гаравгонро дар шимоли Афғонистон озод карданд

"Толибон" 235 асирро дар деҳаи дурдасти шимоли Афғонистон озод кард. Ин сокинон дар ҳамлаи 8 август, ки он замон 50 сокини осоишта кушта шуд, ба асорат афтода буданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, намояндаи вилоят Забеҳулло Амонӣ гуфтааст, шаби 8 август 235 одам, бо шумули занону кӯдакон, бо миёнаравии сардорони қавм ва […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

"Толибон" 235 асирро дар деҳаи дурдасти шимоли Афғонистон озод кард. Ин сокинон дар ҳамлаи 8 август, ки он замон 50 сокини осоишта кушта шуд, ба асорат афтода буданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, намояндаи вилоят Забеҳулло Амонӣ гуфтааст, шаби 8 август 235 одам, бо шумули занону кӯдакон, бо миёнаравии сардорони қавм ва мақомоти маҳаллӣ аз Мирзо Олан озод шуданд. "Асирони озодшуда ба шаҳри Сари Пул интиқол дода шуданд. Дар ҳоли ҳозир чанд одами дигар дар асорат аст, мо дақиқ намедонем", – иброз доштааст ӯ.

Мақомоти интизомии Афғонистон хабар медиҳанд, ки дар Мирзо Олан наздики 100 тани дигар дар асоратанд. Ин деҳа дар ҳудуди ноҳияи Сари Пул ҷойгир аст, ки рӯзҳои истироҳати гузашта аз сӯи ҷангҷӯён ғасб шуд.

Бар пояи иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҷангҷӯёни "Толибон" ва ДИ, ки гоҳ-гоҳе ҳамлаҳои муштарак баргузор мекунанд, 5 август наздики 50 сокини осоиштаро бо шумули занону кӯдакон аз ҳисоби аҳолии шиамазҳаб қатл карданд.

Ин ҳодиса баъди задухӯрди дурӯзаи ҷангҷӯён ва мақомоти интизомии маҳаллӣ сурат гирифт. Ҷангҷӯён 150 хонаводаро асир гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.