Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Шабакаи ТҒД Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим (TajCN) ва Ташкилоти ҷамъиятии экологии «Замини хурд» дар мавзӯи «Рушди алтернативӣ бидуни ангишт» мизи мудаввар баргузор мекунанд. Оғоз соати 09:00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.8011 сомонӣ; 1 […]

Asia-Plus

АНОНС

– Шабакаи ТҒД Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим (TajCN) ва Ташкилоти ҷамъиятии экологии «Замини хурд» дар мавзӯи «Рушди алтернативӣ бидуни ангишт» мизи мудаввар баргузор мекунанд. Оғоз соати 09:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8011 сомонӣ;

1 евро – 10.3316 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1442 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи варзишгарон

1956 – Таъсиси шаҳри Чкаловск (Бӯстони ҳозира дар вилояти Суғд).

2001 – Зимни идомаи амалиёти махсуси «Молния» дар қаламрави деҳаи Теппаи Самарқандӣ мухолифи ҳукумат Раҳмон Сангинов («Раҳмон Гитлер») кушта шуд.

2008 — Дар Олимпиадаи Пекин дзюдочии тоҷик Расул Боқиев ба гирифтани нахустин медал барои дастаи Тоҷикистон шарафёб гардид.

1910 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Вениамин Ланге.

1929-1993 – Мавлуди шоир Бурҳон Фаррух.

1930-2008 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Абдуқодир Маниёзов.

1935 – Мавлуди журналист Шодихон Муборакшоев.

1941 – Зодрӯзи математик, профессор Эргаш Муҳаммадиев.

1945 – Мавлуди арбоби давлатӣ Сайдулло Хайруллоев (раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Қӯрғонтеппа, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати дуюм ва сеюм).

1952 – Зодрӯзи нависанда Мирзо Шералӣ.

1954 – Мавлуди доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Маҳмад Раҳимов.

1956 – Зодрӯзи шоир Ваҳҳоби Латиф.

1960 – Мавлуди доктори улуми филологӣ Ҳамза Камол.

1973 – Зодрӯзи журналист, муассис ва сардабири ҳафтавори «Рӯзи нав» Раҷаби Мирзо.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +29+34; дар шарқ шабона +4+9, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +38+40.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +31+33.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.