Гумонбарии донишҷӯ ба ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ

Донишҷӯи соли 4-уми яке аз донишгоҳҳои олии кишвар, сокини 23-солаи пойтахтро кормандони милитсия ба гумони ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ дастгир карданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки номбурда ҷавони 21-солаи сокини кӯчаи Испечаки шаҳри Душанберо бо роҳи фиреб ба хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Борбад бурда, ғайриқонунӣ аз соати 20:30-дақиқа […]

Asia-Plus

Донишҷӯи соли 4-уми яке аз донишгоҳҳои олии кишвар, сокини 23-солаи пойтахтро кормандони милитсия ба гумони ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ дастгир карданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки номбурда ҷавони 21-солаи сокини кӯчаи Испечаки шаҳри Душанберо бо роҳи фиреб ба хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Борбад бурда, ғайриқонунӣ аз соати 20:30-дақиқа то соати 06:00-дақиқа аз озодӣ маҳрум кардаааст.

«Ӯ ба ҷабрдида гуфтааст, ки ба ҳар роҳу восита ба рафти тафтишоти пешакӣ монеъ шуда, ба бародараш ҷавонписари 19-сола, ки айни ҳол барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 248 (ғоратгарӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, кӯмаки худашро расонад», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, нисбати марди 23-сола бо моддаи 131 (ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ) ва 345 (монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.