Ҷоми КФО: «Истиқлол» бо «Серес»-и Филиппин бозӣ мекунад

Date:

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври нимфиналии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 бо дастаи «Серес»-и Филиппин бозӣ мекунад.

Рӯзи 9 август дар минтақаи АСЕАН бозии ҷавобии финалӣ баргузор шуда, «Серес» аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (2:0 ва 2:1) бар тими «Хоум Юнайтед»-и Сингапур ғолиб омад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии тими «Истиқлол», дар бозии аввали нимфиналии байниминтақавии Ҷоми КФО «Истиқлол» тими Филиппинро  нахуст 22 август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор қабул карда (оғози бозӣ соати 19:00), вохӯрии ҷавобӣ санаи 12 сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин баргузор мешавад.

Дар сурати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигари Ҷоми КФО дар бозии финалии байниминтақавӣ қаҳрамони Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) қувваозмоӣ хоҳад кард. Бозиҳои финалии байниминтақавӣ 27 сентябр ва 18 октябр доир мегарданд.

Дар бозиҳои финалии минақаи Ғарб тимҳои «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 12 ва 26 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...