Дилшод Назаров дар даври финалии Чемпионати ҷаҳон

Asia-Plus

Варзишгари маъруфи кишвар, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, дар қувваозмоии гурзпартоӣ миёни мардон ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, қувваозмоӣ шоми дирӯз миёни 32 нафар гурзпартои беҳтарини ҷаҳон баргузор шуда, Дилшод Назаров дар як кӯшиш гурзро ба масофаи 75,54 метр ҳаво дод.

Гуфта мешавад, натиҷаи беҳтарро дар ин қувваозмоӣ намояндагони Лаҳистон (Полша) – Войсех Новитский (76,85 м) ва Павел Фаждек ( 76.82м) нишон додаанд. Квинтин Бигот аз Фаронса гурзро ба масофаи 76.11, Павел Барейша ба масофаи 75.98, Бенс Ҳалаз аз Маҷористон ба масофаи 75.56 метр партофтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки даври финалии мусобиқаи қувваозмоии гурзпартоӣ миёни мардон 11 август доир мегардад.

Ёдрас мешавад, ки Дилшод Назаров соли 2015 бо натиҷаи 78,55 метр медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил бо натиҷаи 78,68 метр медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпиро ба даст овардааст.

Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки 4 август дар шаҳри Лондони Британияи Кабир оғоз гардид, то 13 август идома меёбад. То имрӯз аз рӯи ҳисоби медалҳо ИМА бо 15 медал (4 тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ) пешсаф аст. Кения бо 7 медал (3-1-3) дар ҷои дуюм, Африқои Ҷанубӣ бо 2 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...