Марзбони тоҷик ноболиғро наҷот дода, худаш ғарқ шуд

Сарбози қаторӣ баъди аз ғарқшавӣ наҷот додани писарбача, худаш ба ҳалокат расид. Тавре Муҳаммад Улуғхоҷев, сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, зодаи шаҳри Хуҷанд Бахтовар Азимови 20-сола бо мақсади наҷот додани писарбачаи 10-сола Меҳрубони Ҷӯрахон, ки  дар об ғарқ шуда истода буд, ҷони худро дареғ надошта, аз худ далериву ҷасорат нишон медиҳад ва мардонавор […]

Asia-Plus

Сарбози қаторӣ баъди аз ғарқшавӣ наҷот додани писарбача, худаш ба ҳалокат расид.

Тавре Муҳаммад Улуғхоҷев, сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, зодаи шаҳри Хуҷанд Бахтовар Азимови 20-сола бо мақсади наҷот додани писарбачаи 10-сола Меҳрубони Ҷӯрахон, ки  дар об ғарқ шуда истода буд, ҷони худро дареғ надошта, аз худ далериву ҷасорат нишон медиҳад ва мардонавор барои наҷот додани писарбачаи хурдсол ба об медарояд.

«Ин ҳодиса нимаи рӯз дар яке аз шохаҳои дарёи Панҷ рух дода, сарбоз писарбачаро наҷот медиҳад, вале мутаассифона, мавҷи тезу тунди об ӯро бо худ бурда, ба ҳалокат мерасонад», – гуфт Улуғхоҷаев.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса дар дар дидбонгоҳи сарҳадии «Сайёд»-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ба вуқӯъ пайвастааст.

Қайд шуд, ки сарбози қаторӣ Бахтовар Азимов, зодаи шаҳри Кӯлоб,  баҳори соли 2017 бо хоҳиши худ, ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ҳозир шуда, барои адои хизмати ҳарбии ҳатмӣ,  Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-ро интихоб ва дар он ҷо хизмати Модар – Ватанро сарбаландона пеш мебурд.

Зимнан зикр гардид, ки раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба пайаандону наздикони сарбози марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, масъулини қисми ҳарбӣ тасмим гирифтаанд, ки барои гузаронидани маъракаҳои фавти хизматчии ҳарбии фавтида ёрии моддӣ мерасонанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, тӯли шаш моҳ дар дарёву кӯл ва наҳру обанборҳои кишвар 63 нафар ҳалок шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.