Боздошти гумонбар дар Тоҷикистон аз рӯи аризаи як зани петербургӣ

Кормандони милитсия як мардро ба гумони қаллобӣ боздошт намуданд. Як зани сокини шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз болои ин мард шикоят кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокини 24-солаи шаҳри Конибодомро кормандони милитсия бар асоси аризаи зани 38-солаи сокини пойтахти шимолии Русия дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, боздоштшуда бо роҳи фиреб ба боварии ин зан […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия як мардро ба гумони қаллобӣ боздошт намуданд. Як зани сокини шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз болои ин мард шикоят кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокини 24-солаи шаҳри Конибодомро кормандони милитсия бар асоси аризаи зани 38-солаи сокини пойтахти шимолии Русия дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, боздоштшуда бо роҳи фиреб ба боварии ин зан даромада, аз ӯ бо баҳонаи харидорӣ намудани 2 адад автомашинаҳои тамғаҳои гуногун 1,5 млн рубли русӣ маблағ гирифта, то ҳол онро барнагардонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.