Рустами Эмомалӣ анъанаи пардохти иловапулии якдафъаинаро ба нафақахӯрон идома медиҳад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ анъанаи пардохти иловапулии якдафъаинаро ба нафақахӯрони синни аз 75-сола боло, ки аз замони собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев боқӣ монда буд, идома медиҳад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, дар остонаи ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон бо қарори раиси шаҳр ба ҳар кадоме […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ анъанаи пардохти иловапулии якдафъаинаро ба нафақахӯрони синни аз 75-сола боло, ки аз замони собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев боқӣ монда буд, идома медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, дар остонаи ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон бо қарори раиси шаҳр ба ҳар кадоме аз 9 ҳазору 91 нафар сокинони пойтахт, ки синнашон аз 75-сола боло аст, 100 сомонӣ иловапулии якдафъаина пардохт карда мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки бо ин мақсад аз буҷети пойтахт ҳудуди 1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ин анъанаи пардохти иловапулии якдафъаина ба нафақахӯрони синни аз 75-сола болоро панҷ сол пеш собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳандозӣ намуда буд, вале он замон нафақахӯрон онро нимаи моҳи октябр мегирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.