Дар садамаи ҳавопаймои таълимӣ дар наздикии Алмаато 2 кас ҳалок шуд

Мақомоти ҳавонавардии Қазоқистон хабар доданд, ки дар наздикии шаҳри Алмато як ҳавопаймои таълимӣ ба садама дучор шуда, дар ин ҳодиса ду нафар ҷон бохтаанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон, ҳавопаймои "Tecnam 2002"-и Академияи ҳавонавардии мулкии ин кишвар субҳи 10 август дар 2-километрии фурудгоҳи Азим сарозер шудааст. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти ҳавонавардии Қазоқистон хабар доданд, ки дар наздикии шаҳри Алмато як ҳавопаймои таълимӣ ба садама дучор шуда, дар ин ҳодиса ду нафар ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон, ҳавопаймои "Tecnam 2002"-и Академияи ҳавонавардии мулкии ин кишвар субҳи 10 август дар 2-километрии фурудгоҳи Азим сарозер шудааст.

Гуфта мешавад, Кумита изҳор доштааст, ки дар натиҷаи суқути ҳавопаймо як донишҷӯ ва халабон – омӯзгори академия ҷон дода, таҳқиқи ҳодиса оғоз гаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки фурудгоҳи Азим дар 43-километрии Алмато ҷойгир аст. Академияи ҳавонавардии мулкии Қазоқистон дар ҳоли ҳозир мақоми ҷамъияти саҳҳомиро дошта, 89%-и саҳмияҳояш дар ихтиёри давлатанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.