БАОР беҳбуди вазъи иқтисоди кишварҳои узви бонкро пешгӯӣ мекунад

Дар гузориши макроиқтисодӣ барои семоҳаи аввали соли равон, ки аз ҷониби мутахассисони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таҳия шудааст, нишондиҳандаҳои калидии макроиқтисодӣ аз беҳбуди рушди иқтисод дар кишварҳои узви Бонк гувоҳӣ медиҳанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Бонк. «Агар дар семоҳаи аввали соли 2016 ба ҷуз Арманистон, дигар дар ҳамаи кишварҳои узви БАОР коҳиши ҳаҷми содироту молу […]

Asia-Plus

Дар гузориши макроиқтисодӣ барои семоҳаи аввали соли равон, ки аз ҷониби мутахассисони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таҳия шудааст, нишондиҳандаҳои калидии макроиқтисодӣ аз беҳбуди рушди иқтисод дар кишварҳои узви Бонк гувоҳӣ медиҳанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Бонк.

«Агар дар семоҳаи аввали соли 2016 ба ҷуз Арманистон, дигар дар ҳамаи кишварҳои узви БАОР коҳиши ҳаҷми содироту молу хизматгузорӣ ба мушоҳида мерасид, соли равон афзоиши мусбати ҳаҷми содирот бидуни истисно дар ҳамаи кишварҳои узви Бонк ба қайд гирифта шуд», – гуфтааст сариқтисодчии БАОР Ярослав Лисоволик.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти омории тавозуни пардохт, дар муқоиса бо соли гузашта семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми афзоиши молу хизматгузорӣ дар Арманистон – 17,8%, Беларус – 20,7%, Қазоқистон – 24,5%, Қирғизистон – 20,5%, Русия – 33,7% ва Тоҷикистон – 22,7%-ро ташкил додааст.

«Эҳёи фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия ба беҳбуди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тариқи интиқоли маблағҳои пулӣ мусоидат намуд», – изҳор доштааст Лисоволик.

Шакли пурраи кори «Макрогузориши семоҳаи БАОР» бо ин суроға ва Гузоришҳои семоҳаи БАОР бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.