Пуштибонии Дилшод Назаров аз тими мунтахаби варзиши сабуки Русия

Дилшод Назаров, варзишгари шинохтаи Тоҷикистон, зидди барканории тими варзиши сабуки Русия аз мусобиқаҳои байналмилалӣ раъй додааст. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти расонаҳои Русия, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 аз Тоҷикистон, зидди тамдиди барканории муваққатии Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук аз узвияти Анҷумани байналмилалии федератсияи варзиши сабук (IAAF) раъй додааст. Назаров дар шарҳи […]

Хабаргузории «Озодагон»

Дилшод Назаров, варзишгари шинохтаи Тоҷикистон, зидди барканории тими варзиши сабуки Русия аз мусобиқаҳои байналмилалӣ раъй додааст.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти расонаҳои Русия, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 аз Тоҷикистон, зидди тамдиди барканории муваққатии Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук аз узвияти Анҷумани байналмилалии федератсияи варзиши сабук (IAAF) раъй додааст.

Назаров дар шарҳи тасмимаш гуфтааст, масъулияти дастаҷамъиро барои истифодаи допинг қабул надорад: "Ман чунин мешуморам, ки барои истифодаи допинг бояд варзишгарон дар алоҳидагӣ ҷавоб гӯянд. Агар шахс гунаҳкор бошад, ӯро бояд ба ҷавобгарӣ кашид. Ман дӯстони зиёд дар Русия дорам, ки ягон гуноҳ надоранд, аммо аз пушти дигарон азият мекашанд. Ҳаёти варзишӣ кӯтоҳ аст, бинобар ин ҷазо бояд фардӣ сурат гирад”.

Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ изҳор умед кардааст, ки мушкил ҳар чӣ зудтар ҳал шавад: “Ба назари ман ҳамааш хуб мешавад. Ҳоло бисёриҳо ба он фикранд, ки фарди гунаҳкор бояд ҷазо бигирад. Варзишгарон бояд имкони баромад кардан дошта бошанд. Ҳоло барои баромад зери парчами бетараф иҷоза доданд, ин ҳам хуб аст”.

Дар раъйдиҳии охир, ки қабл аз оғози қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон баргузор гардид, ба ҷонибдорӣ аз барканории муваққатии Федератсияи умумирусиягии варзиши сабуки Русия аз узвияти IAAF, 166 нафар овоз дода, 21 нафар зид баромадаанд: “Тоҷикистон ягона кишвари пасошуравӣ аст, ки бо ҳимоят аз Русия овоз дод”.

Дар баробари Тоҷикистон ҳамчунин тавсияи гуруҳи кории IAAF-ро 20 аъзои дигари конгресс-Кореяи Шимолӣ, Ямайка, Сурия, Бангладеш, Урдун, Лубнон, Макао, Муғулистон, Мозамбика, Нигерия, Панама, Перу, Руминия, Шри-Ланки, Ветнам ва Яман ҷонибдорӣ накардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.