Таъсиси Филармонияи давлатии кӯдакон дар Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон ва раиси Ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи таъсиси Филармонияи давлатии кӯдакони Тоҷикистонро ба имзо расонид. Қарор санаи 28 июл ба имзо расидааст. Дар қарор зикр мегардад, ки Филармонияи давлатии кӯдакони Тоҷикистон дар заминаи амвол ва воҳидҳои кории «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» таъсис дода мешавад. Ба […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон ва раиси Ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи таъсиси Филармонияи давлатии кӯдакони Тоҷикистонро ба имзо расонид. Қарор санаи 28 июл ба имзо расидааст.

Дар қарор зикр мегардад, ки Филармонияи давлатии кӯдакони Тоҷикистон дар заминаи амвол ва воҳидҳои кории «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» таъсис дода мешавад.

Ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки бо тартиботи муқарраршуда масоили тадорукотӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таъсиси Филармонияи давлатии кӯдаконро ҳаллу фасл намояд.

Вазорати молияи Тоҷикистон ба маблағгузории фаъолияти муассисаи давлатии мазкур аз ҳисоби воситаҳои барои муассисаҳои фарҳангӣ пешбинигардида вазифадор шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.