Маълумоти РБДА оид ба нархи расмии ивази рақамҳои давлатӣ

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон изҳор намуд, ки нархи ивази рақамҳои давлатии воситаҳои нақлиёт, ки ба меъёрҳои давлатӣ (Госстандарт) мутобиқ нестанд, 420 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, чандин нафар ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, хабар доданд, ки аз онҳо барои ивази рақамҳои давлатии автомашинаашон 720 сомонӣ маблағ гирифтааанд. Сардори шуъбаи таблиғоти БДА ВКД Тоҷикистон Наргис […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон изҳор намуд, ки нархи ивази рақамҳои давлатии воситаҳои нақлиёт, ки ба меъёрҳои давлатӣ (Госстандарт) мутобиқ нестанд, 420 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, чандин нафар ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, хабар доданд, ки аз онҳо барои ивази рақамҳои давлатии автомашинаашон 720 сомонӣ маблағ гирифтааанд.

Сардори шуъбаи таблиғоти БДА ВКД Тоҷикистон Наргис Тӯйчиева қайд кард, ки нархи расмии ивази рақами автомашина 420 сомонӣ – 210 сомонӣ барои шиносномаи нави техникӣ ва ҳамин миқдор маблағ арзиши рақами давлатӣ буда, ин нархҳо бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқа карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ, мардум бояд аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя кунад, зеро дар ҳар нуқта лавҳа бо зикри нархи хизматгузориҳо овехта шудааст, вале мутаасссифона, касе ба он эътибор надода, аз миқдори зарурӣ зиёдтар маблағ пардохт мекунанд.

Номбурда ба ҳамаи он касоне, ки барои ивази рақами давлатӣ зиёдтар маблағ пардохт кардаанд, тавсия дод, ки бо телефонҳои боварӣ – аз телефони мобилӣ- 19-19 ва аз телефони хонагӣ – 221-21-21 ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.

Хотиррасон мекунем, ки Раёсати БДА муҳлати ивази рақамҳои давлатӣ барои соҳибони воситаҳои нақлиётро то 1 декабри соли 2017 дароз кард.

Барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои иваз намудани рақами қайди давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи техникӣ ва рақами қайди давлатӣ ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист пешниҳод карда мешаванд.

Шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.