Идомаи мурофиаи судӣ нисбати зани русиягӣ дар Душанбе

Дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати шаҳрванди Русия Татяна Хужина ба гумонбарии қочоқи танга доир гардид. Баъди анҷоми ҷаласа адвкоати айбдоршаванда Рустам Ҳакимов ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки дар мурофиа баёноти шоҳидон – коршинос, намояндаи Вазорати фарҳанг ва корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон шунида шуд. «Коршиноси Вазорати […]

Asia-Plus

Дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати шаҳрванди Русия Татяна Хужина ба гумонбарии қочоқи танга доир гардид.

Баъди анҷоми ҷаласа адвкоати айбдоршаванда Рустам Ҳакимов ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки дар мурофиа баёноти шоҳидон – коршинос, намояндаи Вазорати фарҳанг ва корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон шунида шуд.

«Коршиноси Вазорати фарҳанг Дилафрӯз Назарова зикр кард, ки мутобиқи меъёрҳои қонун, танга, расм, китоб ва дигар предметҳое, ки 50 сол пеш ё зиёда аз он таҳия ё нашр шудаанд, дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ва осорхонавӣ буда, барои интиқоли чунин предметҳо тариқи сарҳад иҷозатномаи дахлдори Вазорати фарҳанг зарур аст», – гуфт адвокати Хужина.

Ба қавли адвокат, Хужина ва шоҳидон баёнот додаанд, ки дар амалҳои ӯ тамаъҷӯӣ вуҷуд надошта, ин тангаро ӯ ҳамчун хотира аз модараш нигоҳ медоштааст.

«Ҳарчанд надонистани қонун шахсро аз масъулият озод намекунад, вале мо умедворем, ки суд ҳама ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла надонистани қоидаҳои ҳамлу нақли предметҳои дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, надоштани нияти фурӯхтани он бо назардошти нархи хеле пасти он дар бозор, аз ҷониби Хужина бори аввал содир шудан ин амал ва муҳимаш духтарчаи хурдсол доштани ӯро ба инобат гирифта, ҳукми инсонпарварона ва боадолат содир мекунад», – гуфт адвокати зани русиягӣ.

Мушовири шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон Александр Самартсев, ки дар мурофиа ҳузур дошт, изҳор намуд, ки тангаи мисии дутинаи аз Хужина дарёфтшуда «арзиши нумизматикӣ надошта, дар ҳолати бад қарор дорад, навиштаҳо намоён нестанд ва нархи он аз рӯи феҳристи Краузе аз 2 то 4 долларро ташкил медиҳад.

Дипломати рус иттилоъ дод, ки Татяна Хужина бо адвокат ва тарҷумон таъмин буда, айбдоршаванда дар боздоштгоҳ қарор надорад, вале ӯ ва духтараш аз ҷараёни мурофиа нишаронӣ доранд. «Мо ба қарори воқеъбинона ва мунсифонаи суд бовар дорем», – гуфт ӯ.

Мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи мазкур ҳафтаи оянда дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июн Хадамоти гуруки Тоҷикистон хабар дод, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужинаи 41-сола барои кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон баровардани тангаи дутинаи мисини истеҳсоли соли 1823 боздошт шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио