Президенти Эфиопия нахустин сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Раиси Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Мулату Тешоме дар Кохи миллат дар Аддис-Абеба эътиборномаи сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Хусрав Нозириро қабул намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар суҳбате, ки пас аз поёни маросими супоридани эътиборнома сурат гирифт, роҳбари давлати Эфиопия изҳори умедворӣ намуд, ки таъйин гардидани нахустин сафири тоҷик дар кишвари ӯ […]

Asia-Plus

Раиси Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Мулату Тешоме дар Кохи миллат дар Аддис-Абеба эътиборномаи сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Хусрав Нозириро қабул намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар суҳбате, ки пас аз поёни маросими супоридани эътиборнома сурат гирифт, роҳбари давлати Эфиопия изҳори умедворӣ намуд, ки таъйин гардидани нахустин сафири тоҷик дар кишвари ӯ ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эфиопия мусоидат кунад. 

Гуфта мешавад, бо ишора ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, Раисҷумҳури Эфиопия ба аҳаммияти ҳамкории ду давлат дар ин замина дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар поёни суҳбат Раисҷумҳури Эфиопия ба мардум ва кишвари Тоҷикистон орзуи сулҳи пойдор ва пешрафту шукуфоии бештар карда, хоҳиш намуд, ки дуруду паёми ӯ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида шавад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи январи соли равон бо фармони Президенти Тоҷикистон ба сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ ҳамзамон иҷрои вазифаҳои сафири кишщвар дар Эфиопия вогузор шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.