Муовини нави сардори ШВКД ноҳияи Айнӣ то ҷойи кор нарасид

Муддати аллакай ду рӯз аст, ки ҷасад ва автомашинаи муовини тозатаъини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Айнӣ ҷустуҷӯ мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, Рамазон Муҳаммадзода аввали ҳафтаи равон ба вазифаи муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Айнӣ таъин шуда, бо автомашинааш ба ҷои нави хизмат раҳсипор шудааст. Дар автомашинаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муддати аллакай ду рӯз аст, ки ҷасад ва автомашинаи муовини тозатаъини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Айнӣ ҷустуҷӯ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, Рамазон Муҳаммадзода аввали ҳафтаи равон ба вазифаи муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Айнӣ таъин шуда, бо автомашинааш ба ҷои нави хизмат раҳсипор шудааст.

Дар автомашинаи тамғаи «Мерседес» ба ҷуз Рамазон Муҳаммадзода боз ду нафар мусофири дигар, сокинони Душанбе низ будаанд. Тибқи фарзияи пешакӣ, рӯзи 9 август дар наздикии деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ автомашина ба дарёи Зарафшон чаппа шудааст.

«Ҳуҷҷатҳои мансуб ба муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар соҳили дарё дарёфт шудааст», – итттилоъ дод манбаъ.

Аввали ҳафтаи равон Муҳаммадзода ба вазифаи муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Айнӣ таъин шуда, рӯзи чоршанбе бояд ба ҷойи нави кор ҳозир мешуд. То таъин шудан ба ин вазифа Муҳаммадзода ба ҳайси муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон фаъолият дошт.

Аз ҷустуҷӯи ҷасадҳои Рамазон Муҳаммадзода ва мусофирони автомашинаи ӯ алҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Ному насаби мусофирон алҳол муайян карда мешавад. Бино ба иттилои хабаргузории Суғднюс, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, мусофирон волидони табиби Маркази саратоншиносии Душанбе будаанд, ки ба осоишгоҳи «Баҳористон» дар шимоли ҷумҳурӣ сафар доштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио