Медали биринҷии гуштигири навраси тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷамолиддин Абдуллоев дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон, ки дар Сантягои Чилӣ ҷараён дорад, дар вазни 66 кило сазовори медали биринҷӣ гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикисон, Ҷамолиддин дар даври муқаддамотӣ бар Чинг Лонг Вонг (Ҳонконг), Макрос Сантос (Бразил), Петру Паливан (Молдова) ғолиб омада, аммо аз Марк Кристон (Булғория), […]

Маркази матбуоти КМО Тоҷикистон

Ҷамолиддин Абдуллоев дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон, ки дар Сантягои Чилӣ ҷараён дорад, дар вазни 66 кило сазовори медали биринҷӣ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикисон, Ҷамолиддин дар даври муқаддамотӣ бар Чинг Лонг Вонг (Ҳонконг), Макрос Сантос (Бразил), Петру Паливан (Молдова) ғолиб омада, аммо аз Марк Кристон (Булғория), ки сазоворимедали нуқра гардид, шикаст хурд.

Дар рақобатҳо барои ҷои сеюм паҳлавони навраси тоҷик бар Лан Кукита (Аргентина) ва Байрам Кендемир (Туркия) ғалаба кард. Медали тиллоро дар вазни 66 кило варзишгари Ҷопон Ранто Катсура ба даст овард. Медали дигари биринҷӣ насиби Кеган Ёнг аз Канада шуд.

Аз ҷумҳурии мо дар чемпионати мазкур ба ғайр аз Ҷамолиддин Абдуллоев 4 варзишгари дигар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) иштирок доранд.

То имрӯз рақобатҳо аз рӯи 4 вазн баргузор шуданд. Ду варзишгари мо – Қурбоналӣ Бозоров ва Разиаллоҳ Лоиқов дар марҳилаи муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кило имрӯз – 11 август ва Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 кило фардо – 12 август рӯи гилем мебароянд.

Рақобатҳо барои ба даст овардани медалҳо 9 август шуруъ шуда, то 13 август идома меёбанд. Дар чемпионат 441 варзишгар (занону мардон) аз 68 давлат иштирок доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио