Идомаи мурофиаи судӣ нисбати зани русиягӣ дар Душанбе

Asia-Plus

Дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати шаҳрванди Русия Татяна Хужина ба гумонбарии қочоқи танга доир гардид.

Баъди анҷоми ҷаласа адвкоати айбдоршаванда Рустам Ҳакимов ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки дар мурофиа баёноти шоҳидон – коршинос, намояндаи Вазорати фарҳанг ва корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон шунида шуд.

«Коршиноси Вазорати фарҳанг Дилафрӯз Назарова зикр кард, ки мутобиқи меъёрҳои қонун, танга, расм, китоб ва дигар предметҳое, ки 50 сол пеш ё зиёда аз он таҳия ё нашр шудаанд, дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ва осорхонавӣ буда, барои интиқоли чунин предметҳо тариқи сарҳад иҷозатномаи дахлдори Вазорати фарҳанг зарур аст», – гуфт адвокати Хужина.

Ба қавли адвокат, Хужина ва шоҳидон баёнот додаанд, ки дар амалҳои ӯ тамаъҷӯӣ вуҷуд надошта, ин тангаро ӯ ҳамчун хотира аз модараш нигоҳ медоштааст.

«Ҳарчанд надонистани қонун шахсро аз масъулият озод намекунад, вале мо умедворем, ки суд ҳама ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла надонистани қоидаҳои ҳамлу нақли предметҳои дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, надоштани нияти фурӯхтани он бо назардошти нархи хеле пасти он дар бозор, аз ҷониби Хужина бори аввал содир шудан ин амал ва муҳимаш духтарчаи хурдсол доштани ӯро ба инобат гирифта, ҳукми инсонпарварона ва боадолат содир мекунад», – гуфт адвокати зани русиягӣ.

Мушовири шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон Александр Самартсев, ки дар мурофиа ҳузур дошт, изҳор намуд, ки тангаи мисии дутинаи аз Хужина дарёфтшуда «арзиши нумизматикӣ надошта, дар ҳолати бад қарор дорад, навиштаҳо намоён нестанд ва нархи он аз рӯи феҳристи Краузе аз 2 то 4 долларро ташкил медиҳад.

Дипломати рус иттилоъ дод, ки Татяна Хужина бо адвокат ва тарҷумон таъмин буда, айбдоршаванда дар боздоштгоҳ қарор надорад, вале ӯ ва духтараш аз ҷараёни мурофиа нишаронӣ доранд. «Мо ба қарори воқеъбинона ва мунсифонаи суд бовар дорем», – гуфт ӯ.

Мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи мазкур ҳафтаи оянда дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июн Хадамоти гуруки Тоҷикистон хабар дод, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужинаи 41-сола барои кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон баровардани тангаи дутинаи мисини истеҳсоли соли 1823 боздошт шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.