Пешгирии кӯшиши ба Русия бурдани тангаи истеҳсоли замони Екатеринаи II

Asia-Plus

Дар бағочи мусофири хатсайри ҳавоии Хуҷанд – Маскав 6 адад тангаҳои мисии замони Русияи подшоҳӣ, ки дар эъломия зикр нагардида буданд, дарёфт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар бағочи сокини 23-солаи шаҳри Конибодом А.Х. дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд кормандони гумрук як тангаи панҷтинаи замони подшоҳии Екатерина II, истеҳсоли соли 1767 ва 4 тангаҳои мисии истеҳсоли солҳои 1738, 1744, 1751 ва 1753-ум, ҳамчунин тангаи 1-тинии истеҳсоли соли 1879-ро дарёфт кардаанд.

Ӯ тангаҳоро дар бағочи худ бидуни зикр дар эъломия ба хориҷи кишвар бароварданӣ шуда, зимни муоинаи гумрукӣ дар хатсайри Хуҷанд – Маскав боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, мувофиқи хулосаи экспертизаи таърихии фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамаи 6 адад сиккаҳои фулузии гуногунандозаи мисранг, дорои арзиши нумизматикӣ ва осорхонавӣ буда, ба категорияи арзишҳои таърихию фарҳангӣ дохил мешаванд.

Зикр мегардад, ки нисбат ба шаҳрванд А. Х. бо моддаҳои 32, қ. 3 ва 289 қ. 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон мурофиаи судӣ нисбати шаҳрванди Русия Татяна Хужина ҷараён дорад, ки ӯ низ ба қочоқи тангаи 2-тинаи замони Русияи подшоҳӣ гумонбар дониста мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.