Тамринҳои бузургмиқёси низомӣ дар шимоли Тоҷикистон

Аввали ҳафтаи оянда дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бо иштироки ҳамаи қисмҳои низомии гарнизони Суғд, кормандони сохторҳои қудратӣ ва афсарону сарбозони эҳтиётӣ аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят тамринҳои низомӣ оғоз мегарданд. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, тамринҳо аз 14 то 17 август дар ду машқгоҳи Суғд – […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аввали ҳафтаи оянда дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бо иштироки ҳамаи қисмҳои низомии гарнизони Суғд, кормандони сохторҳои қудратӣ ва афсарону сарбозони эҳтиётӣ аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят тамринҳои низомӣ оғоз мегарданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, тамринҳо аз 14 то 17 август дар ду машқгоҳи Суғд – Чоруқдарон ва Нурафшон баргузор мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, тамринҳои мазкур бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ба он 10 адад авиатсияи ҷангӣ, 200 адад техникаи зиреҳпӯш, 70 адад дастгоҳу таҷҳизоти артиллерия ва 450 адад автомобилҳои ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Ба ҷузъу томҳое, ки дар ин тамринҳо иштирок мекунанд, шахсан вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ хоҳад кард.

Дар тамринҳо тарзу усулҳои муҳосира ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпешаи ба қаламрави вилоят воридшуда, масъалаҳои ташкили мудофиаи қаламрав ва сафарбарии афсарону сарбозону эҳтиётӣ мавриди таҷрибаву омӯзиш ва амал қарор дода мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.