Интиқоди Мирзиёев аз ҳокими Тошканд барои таҳрифи гуфтаҳояш дар бораи тӯйҳо

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи дар як ҷаласаи селекторӣ ҳокими Тошканд Раҳмонбек Усмоновро башиддат танқид кард ва гуфтааст, ки Усмонов суханони президент дар бораи танзими тӯю маъракаҳоро таҳриф кардааст. «Як даҳон кушодани ман бас буд, ки ҳоким алакай рӯзи дигараш бо фармон тамоми қаҳвахонаҳову тарабхонаҳоро маҷбуран бандад. Ин чӣ, хидмати дӯстона ба ман буд? Маълум […]

Akhbor.com

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи дар як ҷаласаи селекторӣ ҳокими Тошканд Раҳмонбек Усмоновро башиддат танқид кард ва гуфтааст, ки Усмонов суханони президент дар бораи танзими тӯю маъракаҳоро таҳриф кардааст.

«Як даҳон кушодани ман бас буд, ки ҳоким алакай рӯзи дигараш бо фармон тамоми қаҳвахонаҳову тарабхонаҳоро маҷбуран бандад. Ин чӣ, хидмати дӯстона ба ман буд? Маълум мешавад, ӯ гуфтааст: "Мирзиёев фармон дод, бояд ҳамаро бандем, дигар тӯю маърака нест», – иброз доштааст ӯ.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, Мирзиёев ба ҳокими Тошканд машварат додааст, ки аввал атрофашро ба тартиб биорад: "Магар мушкил аст дар атрофи худ ҷамъ кардани одамоне, ки сарашон кор мекунад? Ҳоло мардум аз ман хафа, ки гӯё Мирзиёев фармон додааст, ки тӯю маъракаҳоро манъ кунед. Ман магар гуфта будам, ки тӯйхонаҳоро бандед? Сухан танҳо дар бораи ба тартиб даровардани кори онҳо мерафт. Бигзор ин масъаларо аввал оқсақолҳои маҳаллаҳо баррасӣ кунанд, ба шӯрои шаҳрӣ пешниҳодҳои худро бидиҳанд ва танҳо баъд ба мардум эълон кунед. Вале одамоне ба мисли Усмонов дар як рӯз бо як имзо ҳама чиро ҳал карданианд. Ӯ ҳатто бо матни суханронӣ ошно нашудааст. Аз чунин дӯст доштан душман доштан беҳтар аст. Агар Усмонов ҳокими шаҳр бошад, душмани дигаре ба ман даркор ҳам нест.”

Мирзиёев дар идомаи суханрониаш гуфтааст, манзури вай аз танзими тӯю маъракаҳо ҷилавгирӣ аз исрофи беҳуда буд: "Ба ҷои онки барои тӯй 600 кило биринҷро ош кунанд, магар беҳтар нест, ки онро ба ятимхонаҳо тақсим кунанд?”

Чанде пеш раисиҷумҳури Ӯзбекистон дар як суханрониаш хостори ба тартиб даровардани тӯю маъракаҳо ва пешгирӣ аз харҷҳои беш аз ҳадд шуд.

Ба дунбол ҳокими Тошканд Раҳмонбек Усмонов эълон кард, ки аз ин ба баъд ба маъракаҳои тӯю азо набояд аз 200-300 меҳмони бештар даъват кунанд ва маъракаҳоро низ дар зарфи 2 соат гузаронанд. Шаҳрдори Тошканд рӯйхати тавсияҳоеро, ки дар кишварҳое чун Узбекистон ҳукми фармонро доранд, нашр кард, ки он аз ҷумла рақси валси арӯсу домод, пулчошӣ дар тӯй, буридани торт ва ҳатто гулдастаашро ба байни издиҳом партофтани арӯсро манъ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.