Чаро муштарии «Тоҷпромбонк» ба худкушӣ даст зад?

Радиои Озодӣ

Як сокини 50-солаи шаҳри Душанбе, ки ним соли охир аз мушкилоти қарз дар азоб буд, қасди ҷони худ кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Хайриддин Қодиров, сокини кӯчаи Гулафшони маҳаллаи Меҳробод (собиқ Калинин)-и шаҳри Душанбе дар ҳоле худкушӣ кард, ки аз "Тоҷпромбонк" 100 ҳазор доллар амонати гузоштаашро гирифта натавонист.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилаи "Сино-2"-и шаҳр гуфтаанд, ки Хайриддин Қодиров дар манзили зисташ аз роҳи худовезӣ худкушӣ кардааст.

Гуфта мешавад, Хайриддин Қодирови 50-сола дар Идораи нигоҳдори роҳҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва аз ин пеш дар раёсати савдои ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт кор кардааст. Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд будааст.

Абдуқодир Мансуров, раиси маҳаллаи Меҳробод изҳор доштааст, ки наздикони Қодиров ба онҳо низ дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе нагуфтанд ва замоне худи ӯ ба маросиме ҷаноза ҳозир шуд, ҷасад аллакай омодаи ба хок супурдан буд.

Ду фарзанди калонии ӯ, ки муҳассили бахшҳои шартномавии донишгоҳҳои Тоҷикистон буданд, бо далели пардохт нашудани ҳаққи таҳсил аз донишгоҳ берун карда шуданд. Ду фарзанди хурдӣ мактабхонанд.

Аммо амонатгузорони дигари "Тоҷпромбонк", ки шаш моҳ боз дар талоши бозпас гирифтани амонатҳои хеш аз ин муассисаи молӣ сарсонанд, гуфтаанд, Хайриддин Қодиров аз талошҳои бесамари бозпас гирифтани пулҳояш сахт афсурда буд.

Солеҳамоҳ Самадова, раҳбари гурӯҳи амонатгузорони "Тоҷпромбонк" қайд кардааст, ки худкушии Қодиров пас аз он рух дод, ки "Тоҷпромбонк" ҳазор сомонии ваъдагиашро, ки дар ду ҳафта як маротиба ба муштариён пардохт мекард, надод.

Ӯ гуфтааст, "Тоҷпромбонк" ба онҳо ваъда дода буд, ки ҳар 15 рӯз ба ҳар як амонатгузор ҳазор сомонӣ маблағ медиҳад. Рӯзи шанбеи 29-уми июл ваъдаи пул буд. "Аммо мо ба бонк омадем, мудир гуфт: «пул нест». Пулро надоданд. Баъд Хайриддин ба ман занг зад, ки «пул доданд?». Ман гуфтам «не». Гуфт: «боз фиреб карданд?». Ман гуфтам, «ҳа, мисли ҳарвақта». Гуфт: «Чӣ кор кунам? Аз зиндагӣ безор шудам, фарзандонамро аз донишгоҳ хориҷ кардаанд”., -афзудааст Солеҳамоҳ Самадова.

Самадова мегӯяд, баъди ин гуфтугӯи телефонӣ Хайриддин тариқи «Вайбер» ба ӯ се маротиба паёми хаттии “Худоё, сабрам деҳ” фиристод. Вале рӯзи баъд “шаби рӯзи якшанбе хабари маргашро шунидем”, – мегӯяд Самадова.

Дар идомаи сӯҳбат Солеҳамоҳ Самадова гуфтааст, ки ҳар дафъае, ки бонк як миқдор пули Қодировро медод, барои пардохти қарз шитоб мекард. Ба қавли бархе ҳамсояҳои ин хонавода, Қодиров аз як бонки дигар қарздор буд, вале наметавонист аз ҳисоби амонате, ки дар «Тоҷпромбонк» дошт, қарзи худро дар бонки дигар пардохт кунад. Мавзӯи қарз, ба қавли ҳамсояҳои огоҳ, мояи нороҳативу даъво дар дохили хона ҳам буд.

Амонатгузорони “Тоҷпромбонк”, ки аз сарнавишти амонатҳои худ шадидан нигаронанд, иддао мекунанд, ки маъмурияти муваққатии бонк дар фурӯхтани амволи бонк зиёд талош надорад.

Ба гуфтаи амонатгузорон, бонк нархи амволи дар ихтиёрашбударо «аз будаш гаронтар ба фурӯш мебарорад» ва аз ин рӯ, ягон харидор хоҳиши хариди ин амволро надорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...