Вазири мудофиа ба раисони 7 ноҳияи Суғд унвони афсари эҳтиётӣ дод

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Пас аз тамринҳои бузургмиқёси низомӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 7 нафар раисони ноҳияҳои вилояти Суғд ба унвони афсари эҳтиётӣ соҳиб шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, унвонҳои аз лейтенант то подполковники эҳтиётӣ ба раисиони ноҳияҳо аз ҷониби вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо дода шуда, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо ифтихорномаи Вазорати мудофиаи қадрдонӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки тамринҳои низомӣ аз 14 то 17 август дар ду машқгоҳи Суғд – Чоруқдарон ва Нурафшон доир гардида, дар онҳо ҳамаи қисмҳои низомии гарнизони Суғд, кормандони сохторҳои қудратӣ ва афсарону сарбозони эҳтиётӣ аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят иштирок кардаанд.

Дар маҷмӯъ ба ин тамринҳо беш аз 30 ҳазор нафар афсарону сарбозон, 10 адад авиатсияи ҷангӣ, 200 адад техникаи зиреҳпӯш, 70 адад артилеррия ва 450 адад автомашинаҳои низомӣ сафарбар шудааст.

Ба ҷузъу томҳое, ки ба ин тамринҳо сафарбар шуданд, шахсан вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ кардааст.

Дар тамринҳо тарзу усулҳои муҳосира ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпешаи ба қаламрави вилоят воридшуда, масъалаҳои ташкили мудофиаи қаламрав ва сафарбарии афсарону сарбозону эҳтиётӣ мавриди таҷрибаву омӯзиш ва амал қарор дода шуданд.

Зимни ҷамъбасти натиҷаҳои тамрин Шералӣ Мирзо қайд кардааст, ки баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи аҳолӣ, сулҳу субот ва тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави кишвар, сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, намояндагони тамоми сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва хизматчиёни ҳарбии эҳтиётии артиши миллӣ бояд ҳамеша ба сар задани ҳама гуна ҳолат омода бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...