Ҳалокати 3 нафар бар асари чаппашавии автомашина дар Хуросон

Бар асари чаппа шудани автомашина дар қаламрави ноҳияи Хуросон 3 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои дафтар матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 16 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Маҳмадзоир Раҳимови 39-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз Шаҳритус ба Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина дар канори роҳ чаппа шудааст. Гуфта мешавад, дар […]

Бар асари чаппа шудани автомашина дар қаламрави ноҳияи Хуросон 3 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтар матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 16 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Маҳмадзоир Раҳимови 39-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз Шаҳритус ба Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина дар канори роҳ чаппа шудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур – зани 53-сола, навраси 17-сола ва марди 40-сола, ҳамаашон сокинони вилояти Хатлон ҳалок шудаанд.

Зикр мегардад, ки як рӯз пеш дар роҳи мошингарди Ашт – Хуҷанд низ бар асари садамаи нақлиёт 3 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тибқи маълумоти ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шатман” Абдуҳалим Муъминови 29-сола ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Ашт-Хуҷанд дар километри 48-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматов  бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Хундай Портер”, таҳти идораи ронанда, Зарифҷон Ибрагимови 37-сола бармехӯрад.

Дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Портер” Ибрагимов З. ва мусофирони дохили автомашина – Қумрӣ Иброҳимоваи 67-сола ва писари 13-солаи ронанда Шодовар Ибрагимов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз оғози соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 591 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 194 нафар ҳалок ва 623 нафар ҷароҳатҳо бардоштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.