Ҷустуҷӯи наздикони марди дар садамаи нақлиёт осебдида

Табибони бемористони ёрии таъҷилӣ акси як марди дар садамаи нақлиёт осебдидаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд. Вазъи мард вазнин аст. Табибон ва кормандони БДА хешовандону наздикони ӯро ҷустуҷӯ доранд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз беморхонаи Ёрии таъҷилӣ хабар доданд, марди осебдидаи нимаи рӯзи 15 август ба бемористон оварда шуда, дар мавзеи гардишаи фурудгоҳ ба садамаи нақлиёт дучор […]

Табибони бемористони ёрии таъҷилӣ акси як марди дар садамаи нақлиёт осебдидаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд. Вазъи мард вазнин аст. Табибон ва кормандони БДА хешовандону наздикони ӯро ҷустуҷӯ доранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз беморхонаи Ёрии таъҷилӣ хабар доданд, марди осебдидаи нимаи рӯзи 15 август ба бемористон оварда шуда, дар мавзеи гардишаи фурудгоҳ ба садамаи нақлиёт дучор шудааст.

«Мардро худи ронандаи автомашинае, ки ӯро пах кардааст, ба бемористон овард. Худи ҳамин рӯз ӯ ҷарроҳӣ шуд. Мард беҳуш аст. Сарашу ду поя ҷароҳат бардошта, ҳолаташ вазнин аст», – гуфтанд дар бемористон.

Бино ба маълумоти табибон, мард тахминан 50-сола буда, аз ӯ ягон ҳуҷҷате дарёфт нашудааст. Мард то ҳол ба ҳуш наомадааст.

Баҳри дарёфти пайвандону наздикони осебдида табибон тасмим гирифтаанд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифола кунанд ва аксро бо ин мақсад гузоштаанд.

Дар шуъбаи БДА-и шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» ҳодисаи садамаи нақлиёти рӯзи 15 августро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки дар ин ҳодиса марди 50-сола зери чархи автомашинаи тамғаи «Мерседес» монда, ронандаи ҳамин автомашина марди осебдидаро ба бемористон овардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.