Ҳукми 8 соли зиндон ба раиси яке аз ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон

Собиқ ҳамсафи президенти имрӯзаи Қирғизистон, раиси ҳизби «Ота макон» Омурбек Текебоев ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ба иттиҳоми даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ гунаҳкор эътиоф гардида, ба 8 соли зиндон бо мусодираи авмол маҳкум шуд, вале бо назардошти муҳлати ҳабс дар боздоштгохи муваққатӣ ва авф, муҳлати ҷазои ӯ то 4,5 сол кам шудааст. […]

Собиқ ҳамсафи президенти имрӯзаи Қирғизистон, раиси ҳизби «Ота макон» Омурбек Текебоев ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Ӯ ба иттиҳоми даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ гунаҳкор эътиоф гардида, ба 8 соли зиндон бо мусодираи авмол маҳкум шуд, вале бо назардошти муҳлати ҳабс дар боздоштгохи муваққатӣ ва авф, муҳлати ҷазои ӯ то 4,5 сол кам шудааст.

Тибқи фарзияи тафтишот, Текебоев барои гирифтани пора аз тоҷири рус Леонид Маевский дар ҳаҷми 1 миллион доллар барои кумак дар харидории ширкати мобилии MegaCom айбдор дониста шудааст

Нашрияи «Коммерсант» менависад ҳамроҳ бо Омурбек Текебоев ҳаммаслакаш, собиқ сафири Қирғизистон дар Кореяи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотонов низ барои даст доштан дар коррупсия ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Радиои Озодӣ, баъди эълони ҳукм тарафдорони Текебоев ба нишони эътироз садо баланд карда, вале «ӯ оромона гуфтааст, «ҳамааш хуб мешавад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.