Як ноболиғ дар Суғд барои кордкашӣ боздошт шуд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ кормандони милитсия як ноболиғро ба гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон гумонбар писарбачаи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 10-уми яке аз муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ мебошад. «Боздошшуда тахминан соати 22:30-дақиқаи рӯзи 13 август дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Кулангир”, воқеъ […]

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ кормандони милитсия як ноболиғро ба гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон гумонбар писарбачаи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 10-уми яке аз муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ мебошад.

«Боздошшуда тахминан соати 22:30-дақиқаи рӯзи 13 август дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Кулангир”, воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров бо марди 32-солаи ҷамоати деҳоти Х.Усмони ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дасташ 4-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.