Мусобиқаи оташнишонон ба хотири гиромидошти падари Дилшод Назаров

Дар варзишгоҳи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши касбии оташнишонӣ бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, «Соли ҷавонон» ва ба хотири гиромидошти устоди варзиши касбии оташнишонӣ Ҷамолиддин Назаров, падари қаҳрамони олимпӣ Дилщод Назаров баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар чорабинии мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори […]

Маркази матбуоти ВКД ҶТ

Дар варзишгоҳи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши касбии оташнишонӣ бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, «Соли ҷавонон» ва ба хотири гиромидошти устоди варзиши касбии оташнишонӣ Ҷамолиддин Назаров, падари қаҳрамони олимпӣ Дилщод Назаров баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар чорабинии мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, собиқадорони СХДО, наздикону пайвандони марҳум Ҷамолиддин Назаров ва ҳайати шахсии СХДО ВКД иштирок карданд.

Чорабиниро муовини аввали сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Қутфиддин Салоҳиддинзода оғоз намуда, қайд кард, ки ҳамасола баҳри баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ чорабиниҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд. Имсол дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашнҳои ҷумҳуриявӣ мусобиқаҳои гуногун, аз қабили варзиши сабук, вазнбардорӣ, волейбол, шашкаву шоҳмот ва мусобиқаҳои касбии оташнишонии гарнизонӣ гузаронида шуданд.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом зимни суханронӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти шодравон Ҷамолиддин Назаров изҳори андеша намуда, афзуд, ки мавсуф дар давоми фаъолияти меҳнатии худ тавонистааст шогирдони зиёдеро тарбия намояд.

Дар ин мусобиқаи варзишӣ, ки тӯли ду рӯз идома ёфт, 11 даста аз рӯйи 4 шарт, давидан ба масофи 100-метр бо монеаҳо, баромадан ба ошёнаи 4-уми манораи таълимӣ ба воситаи нардбон, густариши муҳорибавӣ ва эстафетаи оташнишонӣ сабқат намуданд.

Қобили зикр аст, ки Ҷамолиддин Назаров 14-уми январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1977 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимовро хатм намудааст.

Аз моҳи феврали соли 1980 то соли 1993 ба ҳайси муаллими фанҳои махсус дар Маркази таълимии СХДО фаъолият дошт. Аз моҳи ноябри соли 1993 то моҳи майи соли 1996 дар вазифаи командири ротаи таълимии Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон хизмат намуда, 6-уми майи соли 1996 баҳри ҳифзи сохти конститутсионӣ ҷони азизи хешро аз даст додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.