Дар Туркия 207 зиндони нав месозанд, маҳкумшудагон бо навбат мехобанд

Дар Туркия 76 зиндони нав мавриди сохтмон қарор дошта, барои бунёди 113 зиндон корҳои омодагӣ ҷараён дорад ва сохтмони боз 18 муассисаи ислоҳи ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ солҳои наздик дар ин кишвар 207 зиндони нав сохта мешавад. Тавре “Фергана” бо истинод ба “МК-Туркия” хабар медиҳад, Вазорати адлияи ин кишвар хабар додааст, ки аз […]

Дар Туркия 76 зиндони нав мавриди сохтмон қарор дошта, барои бунёди 113 зиндон корҳои омодагӣ ҷараён дорад ва сохтмони боз 18 муассисаи ислоҳи ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ солҳои наздик дар ин кишвар 207 зиндони нав сохта мешавад.

Тавре “Фергана” бо истинод ба “МК-Туркия” хабар медиҳад, Вазорати адлияи ин кишвар хабар додааст, ки аз 381 зиндони мавҷуда дар кишвар, 139-тоаш тайи 10 соли охир, аз ҷумла 38-тоаш соли гузашта сохта шудаааст. Ҳамин тарииқ шумори муассисаҳои ислоҳии Туркия то 588 адад мерасад.

“Имрӯз дар зиндонҳои кишвар 221 ҳазору 607 нафар маҳбусон нигаҳдорӣ мешаванд, ки 9 фоиз аз меъёр зиёд аст, зеро муассисаҳои ислоҳии мо барои 203 ҳазор нафар пешбинӣ шудаанд”, – гуфтааст муовини вазири адлияи Туркия Басри Багҷӣ.

Ба гуфтаи ӯ, “бар асари барзиёд пур будани зиндонҳо, маҳбусонро лозим меояд, ки бо навбат бихобанд”. То охири соли 2017 ҳукумат шумори ҷойҳо дар зиндонҳоро 11 ҳазор адад афзуданист.

Бино ба маълумоти газетаи Cumhuriyet, миёни маҳбусон 2 ҳазору 800 нафар ноболиғони синни аз 12 то 17-сола ҳузур доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.