Эҳтимоли бори дигар ба дастгирии давлат ниёз пайдо кардани бонкҳо

Таҳлили сифати дороиҳои бонкҳои Тоҷикистон, ки айни замон ҷараён дорад, метавонад талаботи нав ба сармоягузориро ошкор намуда, ин буҷетро ба хароҷоти иловагӣ водор месозад. Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки баъди аз нав сармоягузорӣ намудани ду бонк – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” нишондиҳандаи кофӣ будани сармоя аз 6%-и моҳи сентябри соли 2016 ба охири сол […]

Таҳлили сифати дороиҳои бонкҳои Тоҷикистон, ки айни замон ҷараён дорад, метавонад талаботи нав ба сармоягузориро ошкор намуда, ин буҷетро ба хароҷоти иловагӣ водор месозад.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки баъди аз нав сармоягузорӣ намудани ду бонк – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” нишондиҳандаи кофӣ будани сармоя аз 6%-и моҳи сентябри соли 2016 ба охири сол босураъат то 15% боло рафт.

“Бо вуҷуди беҳбуди нишондиҳандаҳои нақдпазирӣ (ликвидность) аз ҳисоби кумаки таъҷилӣ, тақсими он дар тамоми низом бар асари вазъи номусоиди бозори байнибонкӣ нобаробар боқӣ мемонад”, – қайд мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон: Афзоиши устувор бо дурнамои гуногун”.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки аломатҳои нахустини буҳрони соли 2016 дар бахши молия ҳанӯз соли 2013 возеҳ буданд, вақте ки нишондиҳандаи қарзҳои аз пардохт канормонда аз 8%-и солҳои 2010-2012 ногаҳон қариб ду баробар – то 15,9% зиёд шуданд.

“Дар як вақт коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия бар асари буҳрони солҳои 2014-2016 ба истеъмоли хусусӣ ва ба ҳадди камтарини ниҳоӣ расидани фоида дар бозори дохилӣ боис гардида, дар натиҷа сифати дороиҳои бонкҳо босуръат манфӣ шуданд ва қарзҳои пардохташон канормонда аз 25%-и соли 2014 дар соли 2016 то 54% расиданд. Нишондиҳандаи кофӣ будани сармояи низоми бонкӣ қариб ду баробар – аз 22,1% дар соли 2013 аввали соли 2016 то ба 11,5% поин рафт”, – қайд мешавад дар гузориш.

Зикр мегардад, ки қодир набудани бонкҳо ба иҷрои уҳдадориҳои худ, Бонки миллиро ба таъини маъмурияти муваққатӣ дар “Фононбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” водор намуд.

“Сарфи назар аз мушкилоти ҷиддӣ, муносибат ба “Агроинвестбонк” нармдилона буд, ба ин бонк маъмурияти муваққатӣ таъин нашуд”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Хотиррасон мешавад, ки муҳлати кори маъмуриятҳои муваққатии зикршуда чандин маротиба дароз шуд, зеро охири соли 2016 ва аввали соли 2017 дар бораи дубора сармоягузорӣ ё барҳамдиҳии бонкҳо тасмим гирифта шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.