Транзити Ӯзбекистон: Арзон, вале хеле дарозмуҳлат

Ӯзбекистон ҷиҳати транзити бор тариқи роҳи оҳан барои Тоҷикистон тахфиф ҷорӣ намуда, вале бо ин роҳ қатораҳои боркашӣ Тоҷикистон қариб умуман равуо намекунанд. Қаблан дар ҷаласаи маҳфили байнулмилалии матбуот муовини раиси Раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» Даврон Деҳқонов изҳор дошт, ки Ӯзбекистон 40% тахфифи транзити бор тариқи роҳи оҳан барои Тоҷикистонро пешниҳод кард. Дар ҳамин […]

Ӯзбекистон ҷиҳати транзити бор тариқи роҳи оҳан барои Тоҷикистон тахфиф ҷорӣ намуда, вале бо ин роҳ қатораҳои боркашӣ Тоҷикистон қариб умуман равуо намекунанд.

Қаблан дар ҷаласаи маҳфили байнулмилалии матбуот муовини раиси Раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» Даврон Деҳқонов изҳор дошт, ки Ӯзбекистон 40% тахфифи транзити бор тариқи роҳи оҳан барои Тоҷикистонро пешниҳод кард.

Дар ҳамин ҳол, роҳиоҳанчиёни тоҷик изҳороти ҷониби Ӯзбекистонро нисбати пешниҳоди тахфифҳо начандон саҳеҳ мешуморанд.

«Дарвоқеъ ҳам аз моҳи феврали соли равон дар қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон – Қудуқли 40% тахфиф ба боркашонии транзитӣ амал мекунад, лекин қатораҳои мо бо ин роҳ қариб умуман ҳаракат намекунанд», – хбар доданд ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти ҳамлу нақли Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон.

Дар корхона зикр карданд, ки масофаи қитъаи роҳи оҳани зикршуда 1 ҳазор километрро ташкил медиҳад, ки қариб панҷ баробар дарозтар аз дигар қитъаҳои транзитии роҳи оҳани кишвари ҳамсоя аст», – гуфт манбаъ ва шарҳ дод, ки маҳз бинобар сабаби дароз будани ин хатсайр, қатораҳои боркаши Тоҷикистон имрӯз асосан бо қитъаҳои роҳи оҳани Келес – Қудуқли ва Хоҷадавлат – Қудуқли равуо доранд.

Дар қитъаи Келес – Қудуқли барои кашонидани нафт ва маҳсулоти нафтӣ тахфифи 15 фоиза, дар хатсайри Хоҷадавлат – Қудуқли барои ҳама борҳо, ба ҷуз бор дар зарфҳо (систерна) ва танк-контейнерҳо тахфифи 30 фоиза ҷорӣ шуда, барои ҳамлу нақли бор дар зарфҳо (систерна) ва танк-контейнерҳо тахфифи 15 фоиза ҷорӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.